21 Октябр 2021 - 18:58
Ройзании намояндаи вижаи Путин бо мушовири аршади вазири хориҷаи Эрон дар бораи Сурия

Намояндаи вижаи раисиҷумҳурии Русия дар умури Сурия дар Женева, бо мушовири аршади вазири хориҷаи Ҷумҳурии Исломии Эрон дар умури вижаи сиёсӣ дидор ва дар хусуси охирин вазъияти буҳрони Сурия, бавижа шарқи Фурот ва Идлиб ройзанӣ кард.

ABNA24 : Лаврентев дар ин дидор бо ишора ба баргузории даври шашуми Кумитаи қонуни асосии Сурия, ибрози умедворӣ кард, ин нишаст ба натоиҷи хубе бирасад.

Ҳоҷӣ низ дар ин дидор бо ишора ба руйкарди мусбати бархе кишварҳо нисбат ба давлату миллати Сурия, ибрози умедворӣ кард, ин амр муҷиби тасреъ дар ирсоли кумакҳои башардустона, бозсозӣ ва бозгашти оворагони сурӣ ба кишварашон шавад.

Шашумин даври нишасти Кумитаи қонуни асосии Сурия аз рӯзи 18 октябр дар шаҳри Женева оғоз шудааст.

Иддеаи ташкили Кумитаи қонуни асосии Сурия нахустин бор дар нишасти "Конгресси гуфгугӯи миллии Сурия" матраҳ шуд.

"Конгресси гуфгугӯи миллии Сурия" рӯзҳои 29 ва 30 январи 2018 дар шаҳри Сочии Русия баргузор шуд.

Тавофуқ дар хусуси баргузории "Конгресси гуфгугӯи миллии Сурия", дар ҷараёни нишасти ноябри 2017 сарони Эрон, Русия ва Туркия "кишварҳои зомини раванди Остона" дар Русия ба даст омад.

Музокироти Остона аз январи 2017 бо ибтикори Эрон ва ҳамкории Русия ва Туркия, бо ҳадафи барқарории сулҳ дар Сурия оғоз шудааст.

Эрон, Туркия ва Русия ба унвони кишварҳои зомини раванди Остона, барои ҳалли буҳрони Сурия талош мекунанд.

342/